• Colors: Purple Color

Президентҳои дигар кишварҳо, ҳар рӯза корҳои фоиданок карда, ба мардуми кишварашон ободию пешрафту некуаҳволӣ меоваранд, аммо Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз ҳамчун президент чӣ кор мекарда бошад?

Эмомалӣ Раҳмон, як диктатори золими хунхор аст, ки зиёд аз 30 сол халқи Тоҷикистонро тарсонда, бар сарашон ҳукумат мекунад. Ӯ худ хуб медонад, ки агар диктаторӣ намекард, ҳатто 4 сол ҳам наметавонист бар мардум ҳукумат кунад, чӣ расад ба 30 сол; чароки ӯ одами нолоиқу ноуҳдабарост ва наметавонад ободию некуаҳволӣ орад.

Дар 30 сол ҳукумате ки Э.Раҳмон кардааст, ба ҷаҳониён нишон дод, ки як одами бераҳми тарсончаки буздили беғайрати бесаводи бедини хоназури майдонғариб аст.

Дар 30 сол ҳукуматаш, бахше аз Тоҷикистонро ба Хитой ва бахше дигари онро ҳамин чанд моҳ пеш ба Қириғизистон дод.

Дар ивази 3 миллиард доларе ки аз Хитой қарз гирифт, чанд фоиз замини Тоҷикистонро ба Хитой дод. Аммо Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмонро тарсонд, бепул чанд ҳазор километр замини Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон бахшид.

Одаме ки як зарра ғайрату номус надорад, ва ватан-модари худро бо як танга ё зурӣ,  

ба зери пои Хитою Қирғиз тақдим мекунад, оё чунин одаме шоистагии президентӣ дорад? Қатъан на!

Аммо савол ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, чӣ кор мекунад?

Бо як нигоҳ ба сайти Ховар, ки оинади давлати Тоҷикистон аст, ҷавобро метавон ба даст овард.

Кори Эмомалӣ Раҳмон, фақат ирсоли барқия ба дигар кишварҳост. Дигар президентҳо кишварашонро обод карда, дар сатҳи ҷаҳон номашонро мебардоранд, ҳам аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ, ҳам аз ҷиҳати низомию фарҳангию варзишӣ. Масалан ҳамин ҳамсоякишвар - Қирғизистонро бинед, аз ҷиҳати низомӣ худро қавӣ кард, бо як сухан, Эмомалӣ Раҳмон тарсид ва ними Ворухро ба чанд ҳазор киллометри дигар ба Қирғизистон тақдим кард.

Эмомалӣ Раҳмон бошад, фақат ба кишварҳо барқия ирсол мекунад.

Дар аксе ки 19-уми декабр аз сайти Ховар гирифтам, нигоҳ кунед, кори Эмомалӣ Раҳмон фақат барқияроикунӣ будааст. Ба хатҳои дар акскашида нигоҳ кунед!

Сиддиқи Акбар

 

Эмомалӣ Раҳмон, одаме аст, ки барои манфиати шахсӣ ҳозир аст, тамоми Тоҷикистонро фурушад, ҳатто агар мардум якҷоя бимиранд, заррае таассуф намехурад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз бебарқӣ ба ҳазорон мушкилию гирифторию беморӣ гирифтор мешаванд, аммо режими Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала аҳамият надода, барқро баҷои инки дар Тоҷикистон ба аҳолии худаш диҳад, кушта, ба Афғонистон мефурушад. Яъне мардуми худро дар сармои зимистон бебарқ мегузорад, аммо ба Афғонистон барқ медиҳад.

Яке аз сабабҳое ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба касалиҳои зуккому ковид касал шудаанд, сармо ва хунукие аст ки мардум аз бебарқӣ ранҷ мебаранд. Агар барқ ба Афғонистон фурухта нашуда, ба аҳолии Тоҷикистон дода шавад, хонаҳо гарм шуда, авқоти гармакак, касалиҳо камтар шуда, мардум камтар азоб мекашанд, аммо афсус аз одами ҳайвонсифате чун Э.Раҳмон!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азия Плюс: Таджикистан за месяц продал Афганистану электричество почти на 2 миллиона долларов. А в это время в таджикских селах люди получали свет всего по 5-6 часов в сутки.

 

Манбаъ: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20231219/tadzhikistan-za-mesyats-prodal-afganistanu-elektrichestvo-pochti-na-2-milliona-dollarov

Сиддиқи Акбар

Эмомалӣ Раҳмон касе аст, ки тамоми сифатҳои бадтарини як инсонро дар худ дорад ва яке аз ин сифатҳо худхоҳӣ аст. Ӯ инсони фавқулъода худхоҳ аст ва барои худхоҳии ӯ зиёда аз садҳо ҳазор кушта шуда, ва даҳҳо ҳазор зиндонӣ шуда ва милионҳо нафар ғулому овора гаштаанд.

Манзур аз оворагӣ ва ғуломии милионҳо нафар, ки сабабаш худхоҳии Эмомалӣ Раҳмон аст, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки аз маҷбурӣ ба Русия рафта, корҳои сиёҳи арзони ҳеҷкас намекадагиро анҷом медиҳанд.

Сабаби муҳоҷирати кории миллионҳо нафар, Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ одами арақхӯре аст, ки кораш фақат арақхӯрӣ аст. Одами арақхӯр, аз дидгоҳи Ислом инсон нест, балки як ҳайвони чорпои ваҳшӣ аст. Ҳайвонийят ва ваҳшият ҳарду дар Эмомалӣ Раҳмон ошкор аст.

Ӯ натанҳо ба фикри мардум нест, балки бештар дар фикри дар азобу фалокат мондани бисёртари мардум аст. Барои ҳамин ягон корхона насохта, некуаҳволии тоҷиикстониёнро беҳбуд накарда, торафт зулмро бар мардум бисёртар мекунад. Мардум кор надоранд, даромад надоранд, аммо барқ афзоиш мёебад. Он ҳам барқе ки тоҷикистониён аз он маҳрум буда ба афғонистониён фурухта мешавад.

Аҷаб нест мегар?!

 Дар сармои зимистон мардуми худат бебарқ, аммо барқро ба Афғонистон бифурушӣ!

Мардум кор надоранд, корхона нест, даромад нест, аммо барқи беонҳам набударо қиматтар ба мардумат бифурӯшӣ!

Оё зулме болотар ба милионҳо нафар ҳаст, ки барқро ҳам ба мардум надиҳӣ, ҳам пулашонро бигирӣ ва ҳам инки қимат карда, қиматтар аз Афғонистон ба мардумат фурӯшӣ?!

Худоё! Аз зулму ситаму ваҳшигарии Эмомалӣ Раҳмон ва режими худкомааш ба Ту паноҳ мебарам!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азия Плюс: Аз 1-уми январи соли 2024 арзиши истифодаи барқ дар Тоҷикистон 16% баланд мешавад. Яъне сокинон барои истифодаи 1 киловатт-соат барқ 30,75 дирам пардохт мекунанд. То ин замон 26,51 дирам месупориданд.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20231216/e-gap-nest-yo-ast-vokunishi-sokinon-dar-borai-afzoishi-narhi-istifodai-bar-dar-toikiston

Сиддиқи Акбар

Беш аз 20 сол аст, ки масъалаи Роғун, сохтусози он, иншооти он ва даҳҳо масъалаи дигар дар атрофи Роғун, сухане шудааст, ки режими Раҳмон, ба хусус Э.Раҳмон ва чоплусону почахаронаш гӯши фалакро кар кардаанд.

Аммо савол ин аст, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон Роғунро намсезод?

Дуруст аст, ки Неругоҳи Роғун, як масъалаи муҳиму ҳаётӣ барои халқи Тоҷикистон аст ва сохта шудани он, ба фоидаи халқ ҳам ҳаст, аммо будани мушкил дар Роғун гарави давоми ҳукумати худкома ва диктаторонаи золими хунхори Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳаст.

Агар Неругоҳи Роғун сохта шавад, ҳукумати Э.Раҳмон ҳам нобуд мешавад, барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмон худаш Роғунро намесозад, балки то ҷое ки метавонад онро бисёртар вайронтар мекунад, то ба ҳамин баҳона буданаш дар ҳукуматро давомдор кунад. Барои ҳамин мебинем, миллиардҳо пуле ки аз давлатҳои хориҷа ҳамчун ёрдам ё қарз ба сохти Роғунд дода мешавад, ё гум мешавад, ё дуздида мешавад ё аслан номаълум мешавад ки куҷо меравад.

Шоҳдузде чун Э.Раҳмон ҳамаи он пулҳоро обу лой карда, дар шикаму зери шикам худ ва оилаи аждаҳораш истифода бурда, мардумро дар сармои зимистон ба гури торикистон ғарқ мекунад.

Сиддииқ Акбар

Эмомалӣ Раҳмон инсони худпарасте аст, ки 30 сол боз бар Тоҷикистон ҳукумат дорад ва дар ин сӣ сол мардумро хуни ҷигар кардааст.

Ӯ одаме аст, ки аз худаш ҳеҷ чиз надорад ва тамоми корҳояш аз дигарон тақлид кардан аст. Яке аз тақлидҳое ки анҷом дода, ба худ жести онро мегирад, монанд кардани худ ба президенти Кореяи Шимолӣ аст.

Шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ пешвои худ Ким Чен Унро мепарастанд, аз ӯ бо ҷон ҳимоят мекунанд, фақат таърифу тамҷид мекунанд ва дар суханрониҳояш кафкӯбӣ мекунанд. Пешвои Кореяи Шимолӣ мардумашро қудратмандтарин мардуми ҷаҳон кардааст, дар илму технологияву саноъат пеш бурда, ба ҳаво моҳвора партофтааст. Барои ҳамин мардумаш ӯро бо ҷону дил дӯст медоранд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон чӣ дорад, ки худашро ба пешвои Кореяи Шимолӣ монанд мекунад?

Эмомалӣ Раҳмон фақат аз зоҳир тақлид мекунад, либосашро, тарзи сухан гуфтану либос пушиданашро аз пешвои Кореяи Шимолӣ тақлид мекунад, на, пешрафту, технологияву саноъатисозии Кореяи Шимолиро.

Мардуми Кореяи Шимолӣ пешвояшонро дӯст медоранд, аз таҳи дил дар суханрониҳояш кафкӯбӣ мекунанд, барои ҳамин соатҳо ҳам бошад кафкӯбӣ мекунанд, аммо мардуми Тоҷикистон аз рангу рӯи пешвои худхонда (Э.Раҳмон) безоранд, шабу рӯз бар ӯ лаънат мефиристанд ва акси ӯро зери по мекунанд!

Сиддиқи Акбар

Эмомалӣ Раҳмон коллексияе аз рекордоҳоро дорад, ки ду рӯз пеш (28-умди декабри 2023) як рекорди нави дигар ба сабт расонд.

Рекорди маҷбур кунондани мардум ба кафкӯбӣ!

Маҷбур кунондани мардум ба кафкӯбӣ рекорди нави Эмомалӣ Раҳмон аст, ки беҳтар аст чоплусони режими Раҳмон онро дар рекордҳои гинес ба сабт расонанд.

Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар маҷбуркунонии кафкӯбӣ дар суханронӣ ё беҳтар бигӯям ба гапҳои пуч ва “ови даҳан”-е ки сӣ сол боз Эмомалӣ Раҳмон мардумро “хар” кардааст, мардум 22 дақиқа кафкӯбӣ кардаанд.

Яъне барои гапҳои беҳудаи дурӯғи бемаънии Эмомалӣ Раҳмон ки 3 соату 10 дақиқа сари мардумро аз дард кафонд, 22 дақиқа кафкӯбию қарсак шуд. Яъне Эмомалӣ Раҳмон ба андозае нарциссизм дорад, ки 22 дақиқа қарсак интизор буда, 3 соату даҳ дақиқа пакарию ҳарзагӯӣ мекунад.

Нарцисизми (худшефтагӣ) Эмомалӣ Раҳмон аст, ки халқи Тоҷикистонро 30 сол боз аст, ки овораю ғулому беобрӯ гардондааст.

Лаънати Худо бар Эмомалӣ Раҳмон!

Сиддиқи Акбар