Оё шумо бовар доред, ки Чин бо кумаки молии ройгон барои Тоҷикистон бино созад?
Соҳибмансабони Тоҷикистон дуруғгутарин соҳибмансабон дар ҷаҳон ҳастанд ва як рудаи рост дар шикамашон надоранд. Дуруғгуи калонашон охир Эмомалӣ Раҳмон, асосгузори дуруғу дуруғгуӣ аст, ки то ба ҳол, яъне дар тули сию чанд сол ҳукуматаш бар халқ, як гапи рост гуфтагӣ нест. Барои ҳамин дар байни соҳибмансабони Тоҷикистон ҳатто як одами ростгӯй намеёбед.
Яке аз дуруғҳои шохдори соҳибмансабони Тоҷикистон аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бинои нави парлумон аст, ки мегӯянд: Чин бо кумаки молии ройгон ва ҳамчун ҳадя онро ба Тоҷикистон сохта додааст! Ин гапе аст, ки ҳатто Узбакбию Азизмо -зани Эмомалӣ Раҳмон аз Эмомалӣ Раҳмон қабул намекунад.
Аммо чаро соҳибмансабони Тоҷикистон дуруғ мегӯянд? Ҷавобаш хело равшан аст, чун Чин ройгон не, балки ними дигаре аз Тоҷикистонро гирифта, пулҳои калон ва биноҳои ба истлидоҳ ройгон месозад.
Эмомалӣ Раҳмон хиёл мекунад, халқи Тоҷикистон гов аст ва ҳар дуруғеро ки гуяд ҳама бовар мекунанд. Эмомал Раҳмон бо ин дуруғҳояш худашро дар пеши халқ кордон нишон доданӣ аст, ки халқ медонад, Эмомалӣ Раҳмон белаёқаттарин ва корношоямтарин инсони рӯи замин аст. Далели он қашоқии рузафзуни Тоҷикистон аст, ки аз рӯзи президент шудани Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ҳамвора дар ҷаҳон фақиртарину қашоқтарину камбағалтарину бесаводтарину бефарҳангтарину бесоҳибтарин кишвари дунё шуда, саг қадр дораду шаҳрвандонаш не!
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: “Кохи сафед”, “Тоҷмаҳал”, “Арки Бухоро”. Бинои нави парлумони Тоҷикистонро ба ин кохҳо шабоҳат медиҳанд, ки бо кумаки молии ройгони Чин ва чун ҳадя бунёд шудааст.