Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати оғози соли таҳсилии имсол ба зердастон ва вазирону мақомоти дахлдор фармон дод, ки касонеро ки “ғайри қонунӣ” дар кишварҳои исломӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон баргардонан. Аз ҳамин сабаб, фишор болои падару модар ва наздикону хешутаборони тоҷикони дар Эронмехондагӣ зиёд шудааст, то донишҷӯйҳо баргарданд.

 Дар замони раёсати Аҳмадинажод, ки тамоми тоҷикистониҳои дар кишварҳои исломӣ мехондагӣ аз Мисру Арабистону Яману Урдуну Покистону Зоҳидон ба Тоҷикистон оварда шуданд, аммо Эмомалӣ Раҳмон натавонист донишҷуйҳои Ал-Мустафоро баргардонад.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузашти наздик ба даҳсол ҳануз ҳам натавонистааст онҳоро баргардонад, аммо чанд рӯз пеш ки Муҳаммадбоқири Қолибоф - раиси парлумони Эрон меҳмони Эмомалӣ Раҳмон буд, қатъан суҳбат аз баргардондани онҳо шудааст. Савол ин аст, ки оё Эрон донишҷуйҳои тоҷики АЛ-МУСТАФО-ро ба Тоҷикистон ихроҷ мекунад?

Ин саволе аст, ки ҷавобашро замон маълум мекунад ва бояд дид ки оё донишҷуйҳои Ал-Мустафо аз Эрон берун карда мешаванд ё не?! Гарчӣ фишор бар болои падару модар ва наздикону хешутаборони донишҷуйҳои таҳсилгари тоҷикистонии дар донишгоҳи байналмилали Ал-Мустафо зиёд шудааст.

Ғаффор Сатторов ки таҳсилкардаи донишгоҳи байналмилалии Ҷомеатул-Мустафо аст, ба сомонаи Востокнюз дар бораи вазъияти наздикони донишҷуён ва фишор болои онҳо баъд аз суханронии топеш аз соли таҳсилии Эмомалӣ Раҳмон зиёд шудааст.

Ба гуфтаи Ғаффори Саттор, мақомот ва сохторҳои амниятии Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз падару модари пири донишҷуро ба милисахона оварда, аз саҳар то шаб росто нигаҳ дошта, ҳар рӯз ба милисахона оварда мешаванд, таҳқиру ҳақорат мешаванд, гушна нигаҳ дошта мешаванд ва ҳатто гоҳ таҳдид ҳам мешаванд.

Ғаффор Саттор мегӯяд, бо ҳамин фишорҳо аксари донишҷуйҳо Эронро тарк карда, ё ба Тоҷикистон омадаанд, ки зери назари милиса буда, паспортҳояшон дар дасти амният мемонад ва дигар аз Тоҷикистон баромада наметавонанд, ваё ба Русия рафта ки онҷо ҳам амният онҳоро ғам медиҳад ва агар даркор шавад ба Тоҷикистон баргардонда мешавад.

Ба гуфтаи Ғаффори Саттор, мақомоти амниятӣ падару модару акаву додару хохару апаи донишҷуйро ба милисахона оварда, номери телефони донишҷуи дар Эронбударо гирифта, мегӯянд, “ё миёӣ, ё ба падару модару хоҳару бародарт вазбин меғалта”.

Мақомоти амниятӣ баъд аз гирифтани номери донишҷуи дар Эронбуда бо ӯ гап зада, мегуянд: “пешво авфт мекна, бхе биё! Наёмадӣ ба падару модару хоҳару бародарт вазбин меғалта...”.

Хонандаи муҳтарам худ хулоса барорад, ки ба падару модару хоҳару бародарт вазбин меғалта гуфтани амният чӣ маъно дорад.... ки донишҷу саросема ба Тоҷикистон бармегардад!

Акнун ҳам сафари раиси парламенти Эрон ба Тоҷикистон ва ҳам фишори сохторҳои амниятии Тоҷикистон бар болои наздикони донишҷуйҳои тоҷикистонии дар Ҷомеатул-Мустафо таҳсилмекардагӣ оё натиҷа медиҳад ё на!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азия-Плюс: Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон, ки дирӯз, 9-уми октябр вориди Душанбе шуд, имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштааст, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/politics/20241010/didu-bozdidi-muammadboir-olibof-bo-emomal-ramon-va-rustami-emomal-ch-masalao-barras-shudand