Ширкати Раҳмон-2016 як ширкати сохтмонсозие аст, ки дар кори сохтусози баландошёна аст ва аз номаш маълум аст ки ба оилаи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

Барои ҳамин чихеле ки форад бо мардум бархурд карда, хонаҳои мардумро бепул мегирад ва агар ҳам ягон кас шикоят кунад, хонааш вайрон мешавад. Инак мо достонеро аз зиндагии оилаи инвалиде тақдими хонандагон мекунем, ки ширкати Раҳмон-2016 бо бераҳмии тамом онҳоро таги по карда, ниҳояти зулму ситамро дар бораашон иҷро кардаистодааст.

Латофат Зулфиқорова, 60 сола, сокини Душанбе, маъюби дараҷаи ду, ду фарзанду як набера дорад, ки ҳамаашон маъюбу инвалиданд. Хонаашон заминӣ ва  дар маҳаллаи Испечаки Душанбе аст, ки 500 метри мураббаъ масоҳат дорад.

Ширкати сохтмонии Раҳмон-2016 се сол боз аст, ки мехоҳад ин хонаро бепул аз ин оилаи инвалид бо зурӣ гирифта, дар ҷояш сохтмони баландошёна созад. Латофат Зулфиқорова бошад таслими зургуӣ ва таҳдиди ин ширкат нашуда, барои барпоии ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии худ мубориза бурда истиқомат мекунад.

То ба ҳол ширкати Раҳмон-2016 натавонистааст ба хостаи худ бирасад ва аз тариқи додгоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон даст ба таҳдид зада, хостааст ки Латофат хонаро холӣ кунад. Қонун ва додгоҳ низ тарафи ширкати Раҳмон шуда, даст ба таҳдид зада ва Латофатро ҳатто маҳкам кардаанд!

Дар натиҷаи истифодаи режими Раҳмон аз таҳдиду тарсондану Латофат, Латофат маҷбур шудааст бархилофи хостаи дилаш хонаро фурушад. Аз ширкати Раҳмон-2016 хостааст, ки хонаро харад, то инвалидҳои ин хона як сарпаноҳ харида ба онҷо раванд ва ширкати Раҳмон-2016 баландошёнаи худро созад. Аммо ширкати Раҳмон-2016 тибқи одати оилаи Эмомалӣ Раҳмон ки ҳама чизро бепул ба даст меоранд, мехоҳад хонаи Латофати инвалидро бепул соҳиб шавад, барои ҳамин аз тариқи додгоҳ ба Латофат фишор оварда, додгоҳ низ ба Латофат таҳдид кардааст, ки хонаро беягон гапу хоста холӣ кунад.

Оё зулме болотар аз ин аст, ки режими Раҳмон ба як оилаи инвалид, раҳм накарда, бо бераҳмӣ ва агресия мехоҳад хонаи инвалидҳоро аз дасташон ситонад?!

Магар Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи шикамкалони серношоямаш гадою гурусна буда, бепуланд, ки наметавонанд хонаи инвалидҳоро харанд? Магар сад ҳазору дусад ҳазор доллар барои Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи аждаҳосифаташ ки миллиардҳо доллар дороиҳои халқро аз они худ кардаанд, пул аст, ки наметавонанд ба Латофат Зулфиқрова дода, хонаашро харанд?

Режими Раҳмон ҳунаре ғайр аз зулму ситам бар халқи Тоҷикистон надорад ва баҷои инки ба Тоҷикистон ободӣ оранд, сию чанд сол аст, ки бар халқ фақат мусибату бадбахтию фалоқату қашшоқӣ меоранд.

Лаънати Худо бар Эмомалӣ Раҳмон ва якояки оилаи шикампарвари шаҳватпарасти гургсифати дарандаху бод!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Баҳси як ширкати сохтмонӣ бо аъзои хонаводае, ки чаҳор нафараш маъюбанд, то додгоҳ расидааст, вале ҳалли ниҳоии худро наёфтааст.

"Ягон кас ба доди мо намерсад, намемонанд, ки мо маъюбон ба ҳоли худ зиндагӣ кунем. Чандин бор барои ҳалли баҳси манзиламон ба идораҳои давлатӣ муроҷиат кардем, лекин ҳалношуда монд,"--гуфт Латофат Зулфиқороваи 60 сола, сокини шаҳри Душанбе.

“Писарам маъюби гурӯҳи якум, аз кӯдакияш 40 сол шуд. Худаму духтарам маъюби гурӯҳи 2, набераам низ ҳамин хел маъюб аст. Ин соҳибкор ба мо пешниҳод дорад, ки бар ивази тахриби манзиламон, баъди анҷоми сохтмони биноаш, дар 10 ё 11-ум ошёна ба мо манзил медиҳад. Бо ин фарзандони маъюбам зиндагӣ дар баландошёна мушкил аст. Мо дар онҷо шароити зиндагӣ кардан надорем. Дар ҳавлӣ бо ин маъюбон бояд зиндагӣ кунам. Барои сохтмони баландошиёнаҳо зид нестем, лекин маблағи моро диҳад, мо маъюбон ягон ҷо ҳавлӣ харида, зиндагӣ кунем,”--афзуд, Латофат Зулфиқорова.

Манбаъ: https://www.ozodi.org/a/bahsi-oilai-ma-yubon-bo-shirkati-rahmon-2016/33100861.html