Эмомалӣ Раҳмон бизнесҳои маъруфе дорад, ки яке аз онҳо азхудкунонии дороиҳо ва сармояҳои дигарон аст. Ба унвони мисол, пулдоронро зиндонӣ карда дороиҳояшонро аз они худ мекунад.
Яке аз касоне ки чунин буд, Умаралӣ Қувватов буд, ки раиси ширкати Фароз буд. Ӯро кушта ширкаташро аз они худ карданд. Якеи дигар Муҳиддин Кабирӣ буд, ки даҳҳо корхонаю, сохтмони чандошиёнаю бозору мошинҳояш аз они Эмомалӣ Раҳмон шуд. Якеи дигар Саидҷаъфар Усмонзода аст, ки як моҳ пеш зиндонӣ шуда, пулу молу дороии ӯ ва наздиконаш аз они Э.Раҳмон шуд.
Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҳисоби бонкии раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва наздикони онҳоро бастаанд.
Бино ба хабари манбаъҳои Радиои Озодӣ аз 30-юми июл, ҳамчунин дастур дода шудааст, ки хонаводаи онҳо ҳаққи фурӯхтан ё ба иҷора додани хона, бӯстонсаро, ширкат, мошин ва амволи дигарро надоранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе намегӯянд.
Наздикони боздоштшудаҳо ҳамчунин аз фишор ба хонаводаҳояшон шикоят доранд. Аз ҷумла, яке аз наздикони афроди боздоштшуда гуфт, бар асоси мактуби мақомот ӯро аз ҷойи кораш рондаанд.