Дар ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми касоне ки дар давлат кор мекунанд, як функция (коркард) доранд ва он: таърифу тамҷид аз Эмомалӣ Раҳмон, ҳатто агар ҳамаи Тоҷикистонро “рида” бошад.

Коргарҳои давлат хиёл мекунанд бо таърифу  тамҷиди Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон гулу булбул мешавад, шиками мардум мешавад, дарсу таҳсилу кору пешрафту равнақу ободӣ мешавад. Барои ҳамин мебинем  ҳатто Нарзулло ҶӮРАЕВ хабарнигори АМИТ Ховар бардуруғ аз забони  хориҷиҳо Эмомалӣ Раҳмонрор таъриф мекунад.

Хориҷиҳо тамоман дар чоплусию таърифу тамҷиди беҳуда вақт сарф намекунанд. Барои ҳамин давлатҳои аврупоӣ ва амрикоиро нигоҳ кунед, бо вуҷуди ҳамаи  пешрафте ки доранд, некуаҳволие ки шаҳрвандонашон доранд ва ҳама чиз обод аст, боз ҳам аз президенти худ танқид мекунанд, аммо дар Тоҷикистон ҳама чиз баръакс аст. Эмоалӣ Раҳмон агар ринад, аз ридани ӯ ҳам, чоплусон бояд таъриф кунанд, чун функсияи дигаре надоранд.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз АМИТ Ховар:  Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Душанбе баргузор гардид, гурӯҳе аз меҳмонон ва иштирокчиёни он ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Вазири муҳити зист, кишоварзӣ ва чорводории Ҷумҳурии Бурундӣ Додико Проспер зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» таассуроташро аз сафар ба Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об чунин баëн намуд:

«Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам, аммо мафтуни табиати нотакрори мамлакати шумо гардидам. Зимни тамошои манзараҳои дилфиреб Тоҷикистонро ҳамчун биҳишти рӯи замин дарёфтам. Ростӣ, таваҷҷуҳамро бештар муҳаббат ва меҳмоннавозии тоҷикон ҷалб кард. Дар мавриди ташаббусҳои Тоҷикистон, махсусан Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки воқеан Роҳбари шумо шахси ташаббускор ва пешоҳанг дар арсаи ҷаҳонӣ вобаста ба обу иқлим мебошад.

Манбаъ: https://khovar.tj/2024/06/to-ikistonro-chun-bi-ishti-r-i-zamin-daryoftem-bardoshti-me-monon-pas-az-shinoso-bo-sohtmoni-nerugo-i-bar-i-obii-ro-un/